Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» 1783 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд
ТУРСУНЗОДА, 03.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истироҳатгоҳи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода яке аз беҳтарин истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он барои кӯдакону наврасон шароити мусоиди истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст. Соли равон дар ин истироҳатгоҳ аз ҳисоби роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» зери сиёсати ятимпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 350 нафар кӯдакони нимятиму аз оилаҳои камбизоти шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба фароғату истироҳат фаро гирифта шуданд, ки 200 нафарашон кӯдакони ятими кулл мебошанд.
Ба воситаи ҳамкорӣ бо иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ инчунин 1200 кӯдаку наврас ба истироҳати бофароғат ва дилхушкунанда ба истироҳатгоҳи «Ширкент» ҷалб гардид. Аз ин шумора 600 нафар таълимгирандагони ятиму маъюби мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Вахш, Ёвон, Бохтар, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ буданд.
Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хизматрасонии сайёҳӣ»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» Шамшод Фозилзода иброз дошт, ки «дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати кӯдакону наврасон имсол дар истироҳатгоҳи «Ширкент» бо дастгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» тамоми шароити заруриро муҳайё намудем. Соли равон дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 220 хонандаи ин муассиса ва 13 хонандаи муассисаҳои таълимӣ аз Федератсияи Русия омада, дар «Ширкент» истироҳати бофароғат намуданд. Ба онҳо боду ҳавои минтақаи Ширкент ва шароити истироҳатгоҳ хеле писанд омад».
Имсол бо дастгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи Тоҷик» корҳои таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ба анҷом расида, истироҳатгоҳ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ гардонида шуд. Истироҳатгоҳи «Ширкент» бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин буда, чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишҳои пагоҳирӯзӣ ҳамарӯза дар сатҳи баланд ташкил карда мешаванд. Ин ҷо ҳолати санитарию гигиенӣ пайваста зери назорати мутахассисон қарор дорад. Наврасон дар баробари фароғату истироҳат дар ин ҷо бо табиати бою рангини Тоҷикистон шинос шуда, дар сайру гашт ва экскурсияҳо иштирок мекунанд. Дар истироҳатгоҳ хондани суруд, рақсидан, хондани китобҳои бадеӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи машғулияти писандидаи кӯдакон мебошад. Ҳамчунин дар истироҳатггоҳ нуқтаи тиббӣ мавҷуд аст, ки дар он табибон ба кӯдакону наврасон ба таври шабонарӯзӣ хизмат мерасонанд.
Кӯдакони ятим аз мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Вахшу Восеъ Зокирзода Муҳаммад ва Сумая Донаева иброз намуданд, ки «мо, кӯдакони ятим танҳо будани худро ҳис намекунем, чунки бобои азизамон- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорем. Зери сиёсати ятимпарваронаи Сарвари давлат чӣ дар мактаб-интернат ва чӣ дар истироҳатгоҳи «Ширкент» нисбат ба мо ғамхории зиёд зоҳир мегардад. Дар истироҳатгоҳ беҳтарин хӯрокҳоро барои мо омода менамоянд ва ҳамаи кормандони он дар хизмати ятимон қарор доранд. Мо хурсандем, ки дар ин истироҳатгоҳ руҳу илҳоми тоза гирифта, соли нави таҳсилро бо хотираҳои нек оғоз менамоем».
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид






