Дар Кӯлоб оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҷаласа доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти энергетикӣ бо вуҷуди мавҷуд будани баъзе мушкилот ба таври самаранок амалӣ мегардад. Вале татбиқи пурраи он танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки тамоми ниҳодҳои дахлдор ва ҷомеа масъулиятшиносӣ нишон дода, дар риояи қонунгузорӣ саҳм гузоранд. Ин матлаб зимни ҷаласаи гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар шаҳри Кӯлоб баён гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад, ҳадафи баргузории ҷаласа татбиқи самараноки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имконоти мавҷуда, таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва фаҳмондани муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон иброз намуд, ки танзими дурусти истифодаи неруи барқ танҳо вазифаи мақомоти энергетикӣ нест. Барои ин ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахшҳои молиявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст, то назорат, ҳисоббаробаркунӣ ва масъулияти истифодабарандагон таъмин гардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






