Дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол карда шудааст
ДУШАНБЕ, 12.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2024 212,2 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 113,2 фоиз таъмин гардидааст.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳиссаи соҳа дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 2,3 миллион тонна семент, 112,5 миллион дона хишт, 43,2 миллион дона хишти сементӣ, 1,5 миллион дона гаҷкартон, 1,2 миллион дона болопӯши абзестӣ (шифер), 37,5 ҳазор тонна оҳак, 1568,8 тонна ранги сохтмонӣ, 1 миллион метри мукааб қуму шағал, 299,7 ҳазор метри мукааб бетони сохтмонӣ, 14,5 ҳазор метри мураббаъ тахтасангҳо ва 48,7 ҳазор метри мураббаъ сангҳои ороишӣ истеҳсол гардидаанд.
Афзалияти сиёсати саноатии Тоҷикистон дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат барои рушди иқтисодиёт аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Давоми соли равон бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат чандин корхонаи нави масолеҳи сохтмонӣ бо ҷалби сармояи беш аз 68 миллион сомонӣ бо таъсиси 220 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуданд. Ба истифода додани корхонаи коркарди санг дар ноҳияи Ванҷ, корхонаҳои истеҳсоли шифер, бетон ва қуму шағал дар шаҳри Панҷакент ва корхонаи хишти сабук (газоблок) дар шаҳри Бӯстон аз ҳамин ҷумла мебошанд.
Барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Санталайс» давоми соли равон корхонаи истеҳсоли кошинҳои ороишӣ ба истифода дода мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






