Дар ноҳияи Файзобод иншооти соҳаи тандурустӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 август Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо раванди сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Файзобод шинос гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ноҳия сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ, иборат аз маркази ташхису табобатии 3-ошёна, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ ва шуъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказӣ идома дорад. Ин иншоот дар доираи лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Лоиҳа бо мақсади бунёди муассисаҳои тиббӣ, бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин намудани онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Айнӣ ва Дарвоз татбиқ карда мешавад.
Иншооти бунёд ва навсозишавандаи тиббии ноҳияи Файзобод дар арафаи 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






