Дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид

Август 7, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 август дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни он муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ҷанбаҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла дастовардҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар давраи соҳибистиқлолӣ муаррифӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суръати миёнасолонаи рушд дар байни солҳои 2000-2024  7,7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воқеии Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат 10,6 маротиба ва Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 8,6 маротиба афзуд.

Дар ҷаласа ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти рушди минтақаҳои дурдасти мамлакат, бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон диққат дода шуд. Танҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ ба вилоят беш аз 26 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, садҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва инфрасохтори муҳими саноатӣ сохта шудаанд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҷалби сармоягузорӣ ва тавсеаи имконияти иқтисодии маҳалҳо мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон тадбирҳои пешбинишуда дар доираи Стратегияи миллии рушд-2030 муаррифӣ карда шуда, нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ба мамлакати «сабз» мубаддал гардонидани Тоҷикистон таҳлил гардиданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 7, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд