Дар Тоҷикистон 218 корхонаи нави саноатӣ бо 3429 ҷойи кор ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 218 корхонаи нави саноатӣ бо 3429 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 29 617 миллион сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 24 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иттилоъ дод.
Завқӣ Завқизода изҳор намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи саноат барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидори нав, истифодаи пурраи иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойи нави кор тадбирҳо андешида шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 1,7 маротиба афзудани саноати истихроҷ, 5 фоиз саноати коркард, 13,2 фоиз соҳаи таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 15,9 фоиз соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа таъмин гардидааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли равон ҳаҷми умумии гардиши савдо 33 миллиарду 313 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 9 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон аз ҳаҷми умумии гардиши савдо 8,1 фоизро савдои чакана, таъмири автомобилҳо ва мототсиклҳо ташкил намудааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






