ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Дар Хатлон ба 23 омӯзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни баргузории ҷаласаи кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон ба 23 омӯзгори ҷавон шаҳодатномаи истифодаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Тақдими шаҳодатномаи истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» амалӣ гардидааст. Зеро Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2007 то имрӯз 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замини наздиҳавлигӣ, замини полезӣ ва қарзҳои имтиёзнок гардидаанд. Танҳо соли 2025 ин рақам 123 нафарро ташкил дод.
Тибқи моддаи 53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд. Яке аз онҳо барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофоти соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз шудани онҳо мебошад.
Инчунин омӯзгорон имтиёз доранд, ки барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба таври моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонида шаванд. Омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






