Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2025» ҷамъбаст гардид

Август 20, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 20.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №136-и ноҳияи Сино Зиёдамо Шарипова сазовори ҷойи якуми даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2025» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи пойтахт хабар доданд.

Ғолиби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол» ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа гузаронида мешавад. Он ба дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор, қадрдонии меҳнат ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф ва тарғиби таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Август 20, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд