Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ва ҳайати намояндагони бонкҳои Қатар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаҳои бунёдии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» хабар доданд.
Меҳмонон ба иқтидори тавлиди неруи барқ, нақши муҳими стратегӣ доштани НБО «Роғун» дар таъмини истиқлоли энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳамияти он дар рушди иқтисоди кишварҳои минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ иброз намуд, ки сохтмони НБО «Роғун» дастоварди бузурги мардуми тоҷик буда, метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар ва ҳамкории судманди минтақавӣ саҳми муносиб гузорад.
Дар анҷоми шиносоӣ Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ дар Китоби ифтихории «Роғун — Кохи Нур» соядаст гузошт.
АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






