Донишгоҳи давлатии Бохтар мавқеяшро дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҳифз намуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 тибқи раддабандии Агентии назорати давлатии соҳаи маориф донишгоҳ тавонист мавқеяшро дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҳифз намояд.
Тавре ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз намуд, дар заминаи густариши равобити байналмилалӣ донишгоҳ феълан бо 37 муассисаи таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Ин ҳамкорӣ табодули устодону донишҷӯён, баргузории конфронсҳо, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, хондани маърузаҳо аз тарафи мутахассисони хориҷӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ ва даврҳои такмили ихтисосро дар бар мегиранд.
Раёсати донишгоҳ дар баробари рушди соҳаи таълим ба дастгирии иҷтимоии устодону донишҷӯёни эҳтиёҷманд низ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Имсол ба 120 корманд ва 15 нафар фарзандони онҳо роҳхат ба осоишгоҳҳои дохилӣ дода шуд. Барои 18 донишҷӯи ятими кулл ва 27 нафар маъюб кумакпулӣ ҷудо гардида, 69 нафари онҳо давоми тамоми сол зери ғамхории доимии маъмурият қарор доштанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






