Донишгоҳи давлатии Данғара бо 11 муассисаи олии давлатҳои хориҷӣ ҳамкории судманд дорад

Август 3, 2025 16:30

ДАНҒАРА, 03.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии Данғара бо 11 муассисаи олии хориҷи Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроника, Донишгоҳи давлатии Гомел ба номи П.О. Сухой, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин ва Донишгоҳи давлатии Гродненск ба номи Янки Купали шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки ҳоло дар донишгоҳ 220 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамояд, ки 213 нафари он аз Ҷумҳурии Узбекистон мебошад. Роҳбарияти донишгоҳ дар самти робитаҳои байналмилалӣ корро васеъ намуда, тасмим гирифтааст, ки сафи донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳ зиёд гардад. Инчунин дар доираи барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯён аз нимсолаи якуми соли таҳсили 2024-2025 15 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ба Донишгоҳи технология ва илми Янчени Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шуданд.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар донишгоҳ дар маҷмуъ 8050 донишҷӯ таҳсил менамояд, ки 120 нафари он тибқи квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Имсол донишгоҳро аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо ва шаклҳои таҳсил 1673 нафар хатм намуд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд