Эмомалӣ Раҳмон: «Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст»

Август 30, 2025 10:57

ДУШАНБЕ, 30.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Ин матлабро имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

«Чанд сол аст, ки дар ҷумҳурӣ  раванди ислоҳоти соҳаи маориф бомаром идома дорад. Дар ин муддат санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шуданд. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол афзоиш дода шуд, ки ин, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат карда истодааст. Илова ба маблағҳои буҷетӣ ҳар сол ба соҳаи маориф аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд», — хотирнишон намуданд Президенти мамлакат.

Роҳбари давлат ёдовар шуданд, ки «тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти мамлакат ва шахсони саховатпеша ба маблағи 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ 1435 муассисаи соҳаи маориф бо 231 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст».

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Август 30, 2025 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд