Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши тарғибгарони илм дар Чин иштирок намуд

Август 23, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи чорабинӣ вобаста ба мубодилаи илмию техникӣ ва гуманитарӣ байни Чин ва Осиёи Марказӣ-2025 ҳамоиши мубодилаи таҷрибаҳо байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба баланд бардоштани саводнокии илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиши мубодилаи таҷрибаҳо дар Чин корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ризои Баҳромзод иштирок намуд.

Ҳамоиш таҳти унвони «Саҳифаи нав дар таблиғи илм дар Роҳи абрешим» доир шуда, дар он беш аз 50 нафар коршиносону олимони давлатҳои хориҷӣ ҷамъ омаданд. Дар ҳамоиш масъалаҳои ҳамкорӣ, мубодилаи захираҳо ва тарбияи мутахассисони ҷавон баррасӣ карда шуданд.

Ризои Баҳромзод, ки дар Тоҷикистон ба ҷуз пажӯҳиши илмӣ ба оммавигардонӣ ва тарғиби илм машғул аст, дар ин чорабинии сатҳи баланд дар доираи муколамаҳо вобаста ба нақши илм дар рушди ҷаҳонбинӣ ва инкишофи тафаккури ҷавонон ибрози андеша намуд.

АКС:  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 23, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд