НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ду даври бақайдгирии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2025 беш аз 92 ҳазор довталаб номнавис гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ду даври бақайдгирии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии-2025 ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 92 ҳазору 991 нафар номнавис шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10 ҳазору 499 нафар зиёд аст. Шумораи довталабон ҳамагӣ 96,8 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 15,83 банди фоизӣ зиёд аст. Дар ин хусус имрӯз директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки барои шаффоф, дастрас ва озод баргузор гардидани бақайдгирии довталабон бобати иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2025 дар 60 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 43 шаҳру ноҳия 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил гардиданд, ки дар онҳо 158 истгоҳи корӣ фаъолият намуд.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии ихтисосҳои тибқи нақшаи қабул тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) дар соли 2025 852 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 56 адад зиёд аст. Аз шумораи умумии ин ихтисосҳо 177 ихтисос дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 675-тои дигар дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аст.
Имсол 127 муассисаи таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ донишҷӯ қабул менамояд. Соли 2025 ба низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 1 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ — филиали Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории шаҳри Бохтар, ки филиали навтаъсис аст, дохил гардид.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






