НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои хориҷӣ табодули академиро муваффақона анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз талаботи асосии баланд бардоштани сифати таълим ва таҳсил- ин мубодилаи академӣ бо кишварҳои дигар мебошад. Дар ин замина дар шашмоҳаи якуми соли равон 25 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи барномаи табодули академӣ дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат таҳсил намуда, баъди хатми муваффақона ба донишгоҳ баргаштанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода иттилоъ дод.
Ректори донишгоҳ табодули академӣ байни донишгоҳҳоро яке аз омилҳои асосӣ дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил ва таълим дониста, иброз намуд, ки «Донишгоҳи миллӣ дар ин самт бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Ҷопон ҳамкорӣ менамояд. Бисёре аз шаҳрвандони Ҳиндустон низ дар мо таҳсил мекунанд ва мубодилаи академӣ байни омӯзгорони мо ва омӯзгорони кишварҳои дигар идома дорад. Ин яке аз омилҳои ноил шудан ба болоравии дониш ва малакаи донишҷӯён дар самти азхудкунии илм ба шумор меравад. Яъне бо амалисозии мубодилаи академӣ мо аз таҷрибаи дигарон истифода бурда, он донишҳоро дар самти таълимии худ мавриди истифода қарор медиҳем».
Иттилоъ дода шуд, ки шумораи донишҷӯёне, ки аз донишгоҳҳои хориҷи мамлакат тибқи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омадаанд, 10 нафарро ташкил медиҳад. Ин шумора дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаи хуб аст.
Ҳамзамон иброз гардид, ки дар ин давра дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 3 маркази омӯзишӣ- Маркази омӯзишии забони кореягӣ, Маркази ҷопоншиносӣ ва Маркази омӯзиши масоили муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






