Олимпиадаи вилоятии «Ахтарони дониш» доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар Муассисаи давлатии «Кӯдакистони президентӣ»-и вилояти Суғд бори аввал Олимпиадаи вилоятии «Ахтарони дониш» байни кӯдакони синни томактабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳадафи баргузории ин олимпиада ташаккули рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, математикӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусияти инфиродии онҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи забондонӣ дар муассисаҳои томактабӣ мебошад. Олимпиада имконият медиҳад, ки кӯдакон тавассути бозиҳои зеҳнӣ, вазифаҳои содаи математикӣ ва саволу ҷавобҳои тарбиявӣ истеъдоди худро муаррифӣ намоянд.
Масъулин баргузории чунин чорабиниҳоро иқдоми муҳим дар самти рушди малакаи зеҳнӣ ва эҷодии кӯдакон арзёбӣ намуданд.
Дар олимпиада кӯдакон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, бо ҳам қувва озмуданд. Чорабинӣ дар фазои идона доир шуда, барои кӯдакон шароити мусоиди озмоиш ва ншон додани қобилият фароҳам оварда шуд.
Озмун аз 5 шарт иборат буд: нақл аз рӯи расм — «Оилаи ман», касби интихобкардаи ман, саволу ҷавоб аз рӯйи барномаи муассисаи томактабӣ, диктанти математикӣ ва ҳалли красворд.
Дар охир ҳамаи иштирокчиён барои ширкати фаъолона дар озмун бо сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






