Омӯзгорони тоҷик дар даври омӯзишии байналмилалии «KLIC LEAD Global Workshop 2025» дар Корея иштирок доранд

Август 6, 2025 10:54

ДУШАНБЕ, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 омӯзгор аз Тоҷикистон дар даври омӯзишии байналмилалии «KLIC LEAD Global Workshop 2025» дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея иштирок доранд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, даври омӯзишӣ 4 август оғоз ёфта, дар доираи татбиқи амалии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи маорифи шаҳри Сеҷонг гузаронида мешавад.

Мақсади асосии ин ҳамкорӣ тақвияти иқтидори касбии омӯзгорон дар самти таҳсилоти рақамӣ, барномасозӣ, EduTech ва шиносоӣ бо зеҳни сунъӣ (AI) мебошад. Барномаи омӯзиш инчунин шиносоӣ бо муассисаҳои таълимии инноватсионӣ ва муҳити рақамии таълимии Кореяро фаро мегирад.

Ин ҳамкории нав ба омӯзгорони тоҷик имкон фароҳам меорад, ки бо таҷрибаи муосири давлатҳои пешрафта шинос шуда, донишҳои андӯхтаашонро дар рушди муҳити таълимии мактабҳои Тоҷикистон татбиқ намоянд. Омӯзиш қадами аввалин дар роҳи амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум мебошад.

Дар доираи ин ҳамкорӣ ҷонибҳо ният доранд, ки дар самти таҳияи маводи таълимии муштарак, гузаронидани машваратҳои илмӣ-амалӣ ва мубодилаи мунтазами омӯзгорон фаъолияти муштаракро густариш диҳанд.

Бояд гуфт, ки ин иқдом на танҳо ба баландбардории сифати таҳсилот мусоидат менамояд, балки дар ташаккули ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф байни Тоҷикистону Корея низ нақши муассир хоҳад гузошт.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 6, 2025 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд