«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид

Август 2, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 02.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Баёзи шахсиятҳои шинохтаи дунё дар нашриёти «Адиб» бо номи «Пешво, ҳизб, миллат» рӯи чоп омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Китоби мазкур таҳти назари муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода таҳия шуда, бо дастгирии Кумитаи иҷроияи марказии Халқии Демократии Тоҷикистон нашр гардидааст.

Дар маҷмуа бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андеша ва маҳсули эҷоди шахсиятҳои шинохтаи дунё, ки муҳаббати онҳоро ба ҳизби созанда, роҳбари он ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ифода менамояд, гирдоварӣ шудааст.

Маллифи идея, мураттиб ва тарҷумон корманди ҳизб, ҳамраиси Шурои адабии Ассамблеяи халқҳои ҷаҳон шоир Абдуқаҳҳори Қосим буда, тавонистааст дастовардҳои Пешвои маҳбуби миллат, ҳизби созанда, бунёдкор ва мардумии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таблиғ намуда, ҳамовозии олимону шоирони дунёро сазовор гардад.

Бояд таъкид намуд, ки дар китобхонаҳои ҷаҳон маҷмуа, энсиклопедияҳо ва китобҳои нодиреро дар васфи бузургони миллати тоҷик, табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва урфу одати миллати куҳанбунёди тоҷик вохӯрдан мумкин аст. Ба ин рӯйхат адабиёте ворид мешавад, ки ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ин бори дигар аз он дарак медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва башардӯстона дили мардуми дунёро тасхир намудааст.

Қисми зиёди муаллифон адибон ва донишмандони кишварҳои Русия, Беларус, Канада, Панама, Бразилия, Мексика, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Миср, Лубнон, Лаҳистон, Дания, Булғористон, кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва дигар давлатҳои Шарқ мебошанд. Баёзи мазкур дар баланд бардоштани давлати Тоҷикистон, ифтихори миллӣ,  муаррифии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон нақши бориз дорад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Август 2, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
26 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Дар Институти математика масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомада баррасӣ шуданд
САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад