Дар Хуҷанд ҷаласа оид ба ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқ доир гардид

Август 18, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолати истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии неруи барқ дар ҷаласае, ки таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар шаҳри Хуҷанд  оид ба баррасии фаъолияти филиалҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон баргузор гардид, баррасӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба самаранокии фаъолияти филиалҳо давоми ҳафт моҳи соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳамадзода дар ҷаласа таъкид намуд, ки дар ин давра аз ҷониби Агентӣ 303 ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, аз ҷумла изофанависӣ ва дигар қоидавайронкуниҳо ошкор карда шуданд.

Дар ҷаласа ба масъулин дастур дода шуд, ки назоратро аз болои истифодаи қонунии неруи барқ пурзӯр намуда, байни аҳолӣ ва соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд.

Бо назардошти афзоиши талабот ба неруи барқ зарур аст, ки масъулин ба таъмини истифодаи самараноку сарфакоронаи он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд ва бартараф намудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ дар самти энергетика ба вазифаи аввалиндараҷа табдил дода шавад.

    АКС: Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид