Соли 2025 дар вилояти Суғд 84 корхонаю коргоҳи нав ба фаъолият шуруъ намуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2025 / АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли 2025 дар миқёси вилояти Суғд 84 корхонаю коргоҳи нав бо 536 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин хусус 30 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки ба таъсири манфии омилҳои берунӣ нигоҳ накарда, давоми 6 моҳи соли 2025 дар вилоят ба маблағи 18,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 132,8 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра навъҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 253 номгӯй расонида шуд.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои навтаъсис асосан корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва саноати сабукро дар бар гирифта, ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд






