Соли равон филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносовро 105 нафар хатм намуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанберо 105 нафар хатм намуд. Аз ин шумора 41 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар ин хусус директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғанизода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Аз шумораи хатмкунандагон 11 нафар филиалро бо дипломи аъло хатм намуда, 12 нафар ба магистратура дохил шуданд.
Иброз гардид, ки гузарондани таҷрибаомӯзӣ ҳамчун қисми таркибии барномаи таълимии таҳсилоти олӣ аз рӯйи ҳамаи равияҳо дар пояи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, якчанд ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ, инчунин дар сохторҳои дахлдори филиал амалӣ мегардад. Филиал бо корфармоён барои татбиқи таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён шартномаҳо ба имзо расонидааст.
Дар семестри баҳории соли таҳсили 2024/2025 354 донишҷӯ аз таҷрибаомӯзӣ гузаштанд. Аз 20 таҷрибаомӯзӣ 8-тояшро таҷрибаомӯзии таълимӣ, 1-тояшро педагогӣ, 5-тояшро истеҳсолӣ ва 6-тояшро пешаздипломӣ ташкил дод.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






