«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар Шурои ҳамоҳангсози рушд муаррифӣ гардид

Август 21, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози рушд (DCC) Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest 2025» ва «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муаррифӣ карда шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Султон Раҳимзода ҳадафи асосии форумро ба шарикони рушд муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest 2025»  минбари фарогир барои ҷалби сармоя, таҳкими ҳамкорӣ ва муаррифии имконоти иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Дар идомаи ҷаласа ҳамзамон «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  муаррифӣ гардид.

Гуфта шуд, ки ин ҳуҷҷат самтҳои калидии сиёсати сармоягузории мамлакатро муайян намуда, ба ташаккули иқтисодиёти устувор ва инноватсионии рақобатпазир равона шудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ байни иштирокдорон мубодилаи афкор доир шуд. Ҷонибҳо оид ба ҷараёни омодагӣ ба форум ва татбиқи самараноки стратегия ибрози андеша намуда, зарурати тақвияти ҳамкорӣ ва саҳмгузории муассирро барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас таъкид карданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад