Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Вазорати маориф ва илми Қатар баррасӣ карда шуд

Август 20, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши илму маориф 19 август зимни мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо ба зарурати таҳкими равобити илмӣ ва таълимӣ, хусусан дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин таъсиси Маркази омӯзиши забонҳо дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ҳамчун иқдоми муҳим арзёбӣ карда, изҳори омодагӣ намуданд, ки дар татбиқи он саъю кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ таҳкими раванди забономӯзӣ, табодули таҷрибаи устодону донишҷӯён ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ талаботи рӯз мебошад.

Мусоҳибон изҳори умед намуданд, ки ҳамкории судманди дуҷониба дар оянда боз ҳам густариш ёфта, барои рушди илму маориф ва муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қатар заминаи мустаҳкам мегузорад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Август 20, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд