Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ иштирок дорад

Сентябрь 15, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 15.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 69-уми конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ, ки имрӯз дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия оғоз гардид, иштирок дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Ҷаласаи конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ чун платформаи муҳими байналмилалӣ то 19 сентябр идома ёфта, дар он намояндагони давлатҳои аъзо масъалаҳои марбут ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, истифодаи осоиштаи технологияҳои ҳастаӣ ва ҳамкории техникӣ дар ин самтро баррасӣ менамоянд.

Дар доираи ҷаласаи имсола масъалаҳои муҳими глобалӣ, аз қабили пешгирии бемориҳои саратон, бехатарии озуқаворӣ, тақвияти амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар Осиёи Марказӣ ва истифодаи технологияҳои ҳастаӣ дар илм ва барои рушди устувор мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Инчунин баимзорасонии созиш вобаста ба маблағгузории лоиҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2027 бо истифода аз технологияҳои радиатсионӣ дар назар аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар талошҳои ҷаҳонӣ барои таъмини истифодаи бехатару осоиштаи неруи ҳастаӣ ва омода намудани мутахассисон дар самти бехатарии ядроӣ ва радиатсонӣ саҳми назаррас дорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд