Ба муносибати Рӯзи Мавлоно конференсияи илмию амалӣ доир гардид
ДУШАНЕБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – муаррифи фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳон» конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» таҷлил мегардад.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоире мебошад, ки бо гузашти солҳо меҳраш ба қалби ҳамагон шуъла мепошад ва ҳамасола дар бораи шахсияташ мегӯянду менависанд. Ҷалолуддини Балхӣ дар ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ осори бой боқӣ гузоштааст. Мавлоно мутафаккири бузурги замонаш буда, дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назариявӣ хизмати бузург намудааст.
Бо ибтикори Президенти Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО- дар шаҳри Парижи Фаронса ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир гардида, дар ҷумҳурӣ озмуни «Маснавихонӣ» баргузор шуд.
Ҳамзамон дар конференсия гуфта шуд, ки Мавлонои Балхӣ инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқу ҳамбастагии онҳоро тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ ба ақидаи Мавлоно қодир аст заминро бо осмон хешу табор гардонад. Ҷалолуддини Балхӣ аз он нобиғагони нодир аст, ки таърихи фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст. Ӯ бо ҳама бузургӣ устуравор дар майдони андешаи қарнҳо қомат афрохта, ҷилои тафаккураш забони тоҷикиро шукуҳу ҷалол бахшидааст.
Дар ҷараёни конференсия аз ҷониби иштирокдорон дар мавзуъҳои «Шахсияти Мавлоно ва таълимоти ӯ аз нигоҳи мутафаккирони гузашта ва муосири Шарқу Ғарб», «Таҳқиқ ва нашри осори Мавлоно дар Тоҷикистон», «Инсон дар таълимоти фалсафию ирфонии Мавлоно» ва «Нусхаҳои хаттии Мавлоно дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев» маърузаҳо пешниҳод карда шуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






