Бунёди ҷаҳонии AIM барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд

Сентябрь 18, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо Президенти Бунёди ҷаҳонии Annual Investment Meeting (AIM) Довуд Ал-Шезавӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо имконияти истифоданашударо дар соҳаҳои саноат ва энергияи «сабз» мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд.

Аҳлиддин Нуриддинзода изҳор намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ҳарду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муҳтарам Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳён муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи баланд баромаданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни ду давлат дар 9 моҳи соли 2025 беш аз 2 баробар афзуд. Бо вуҷуди ин ҷонибҳо зарурати тавсеаи тиҷорати дутарафаро таъкид намуда, ба мувофиқа расиданд, ки имконияти истифоданашударо дар соҳаҳои саноат, энергияи «сабз», кишоварзӣ, авиатсия, сайёҳӣ ва логистика пурра истифода намоянд.

Баъд аз муҳокимаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ҷонибҳо барои рушди инфрасохтор, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои нав изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергияи барқароршаванда, истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин рушди кластерҳои саноатӣ  имконияти фаровон дорад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ дар доираи платформаи AIM ба густариши муносибатҳои иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоягузориҳои мутақобил мусоидат мекунад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 18, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад