Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон занги аввал садо дод
ДУШАНБЕ, 01.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии мамлакат занги аввал садо дод. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли таҳсили нави 2025-2026 беш аз 340 нафар кӯдакон нахустин маротиба ба мактаб қадам монданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тавре директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муҳиддин Ғиёсов дар суҳбат иброз намуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки «аҳли маорифро зарур аст низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо назардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш баранд».
Иброз шуд, ки илму дониш чароғи равшанест, ки ба зиндагии инсоният нуру сафои зиёд мебахшад. Касе, ки аз илм баҳраманд бошад, қалби нуронию руҳи қавӣ дорад ва ба атрофиён ҳамеша бо неруи дониш таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ хонандагони моро зарур аст, ки бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда пайи омӯзиши илму дониш шуда, ҳамчун мутахассисони соҳибкасб дар рушду тараққии ҷомеа нақши созгор гузоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шароиту имконият барои соли таҳсили 2025-2026 омода мебошад. Омӯзгорони муассиса барои гузариш ба низоми 10-хола аз даврҳои омӯзишӣ гузаштаанд.
«Гузариш ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ иқдоми муҳими педагогӣ мебошад, ки дар он сифати арзёбӣ ва таъсири он ба рушди шахсият ба таври ҷиддӣ такмил меёбад. Ин низом бо фароҳам овардани имкони арзёбии дақиқ ва муфассал на танҳо сатҳи дониш ва малакаи хонандаро бо назардошти ҳар ҷузъиёт муайян мекунад, балки ба ташаккули ангеза ва масъулияти шахсӣ низ таъсири амиқ мерасонад»,- иброз дошт Муҳиддин Ғиёсов.
Иброз гардид, ки омӯзгорони ин муассиса ҳамеша талош менамоянд, ки дастуру ҳидоятҳои сарнавиштсози Пешвои миллатро бобати таъмини рушди бонизому сифатноки соҳаи илму маориф ҳамаҷониба иҷро намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






