Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди дипломатияи ҳамдилӣ ва ҳаммарзӣ» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои давлатӣ, олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва ҳамчунин меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули дипломатияи ҳамкорӣ ва ҳамсоягиву ҳаммарзӣ ҳамчун пояи муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.
Иштирокчиён вобаста ба мавзуъ андешаронӣ намуда, нақши таърихии Пешвои миллатро дар таҳкими муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳаммарз, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Ҳамоиши илмӣ бо муҳокимаи васеи масъалаҳои муҳими дипломатияи муосир ва пешниҳоди андешаҳои нав дар самти таҳкими ҳамкории судманд анҷом ёфт.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






