Дар Душанбе ҷаласаи 107-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад

Сентябрь 4, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 5 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҷаласаи 107-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар доданд, ҷаласа дар шаҳри Душанбе дар соли раёсати Тоҷикистон дар ин созмон баргузор мешавад. Ҷаласаро муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода роҳбарӣ менамояд.

Ба ҳайати Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муовинони раисони ҳукуматҳои давлатҳои аъзо оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дохил мебошанд.

Дар ҷаласа баррасии якчанд масъалаи муҳим дар назар аст, аз ҷумла:

Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

Стратегияи ҳамкорӣ дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамӣ барои давраи то соли 2035;

Стратегияи рушди илмӣ-технологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2026-2035;

Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва татбиқи Соли тандурустӣ дар Иттиҳод дар соли 2026.

Тибқи муҳокимаҳо лоиҳаи ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ ба Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид