Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон — 2025» оғоз гардид

Сентябрь 19, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон — 2025» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Рушди устувори соҳаи маориф, махсусан зинаи таҳсилоти томактабӣ ҳамчун пояи муҳимми ташаккули тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии кӯдакон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии пайваста ва рӯзафзуни соҳаи маориф, аз ҷумла таваҷҷуҳи хос ба кормандони муассисаҳои томактабӣ, ба монанди афзоиши музди меҳнат, фароҳам овардани шароити кору зиндагӣ, таҳияи барномаҳои иловагӣ барои такмили ихтисос ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз дастовардҳои муҳимтарини сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумат ба шумор меравад.

Баргузории ин гуна озмунҳо на танҳо воситаи ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии заҳмати мураббиён аст, балки заминаи воқеии рушди малакаи эҷодӣ, ташаккули тафаккури навовар ва мубодилаи таҷрибаҳои муфид дар сатҳи миллӣ мебошад.

Даври ҷумҳуриявии озмун аз шаш шарти асосӣ иборат буда, ба таври амалии арзёбии донишу маҳорати касбӣ ва қобилияти эҷодии довталабон равона шудааст. Шартҳои озмун аз муаррифии фаъолияти педагогии довталаб, арзёбии дониш ва маҳорати касбӣ, иштирок дар муҳокимаи мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ- педагогӣ, баргузории машғулияти таълимӣ бо кӯдакон ва анҷом додани кори эҷодӣ — тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон иборат мебошад.

Озмун се рӯз идома ёфта, дар фарҷом ғолибон бо унвони ифтихории «Мураббии соли Тоҷикистон – 2025», мукофотҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд