Дар Норак ҷаласаи дуюми Шурои ҳавзаи дарёи Вахш баргузор гардид

Сентябрь 27, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 27.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар шаҳри Норак ҷаласаи дуюми Шурои ҳавзаи дарёи Вахш бо иштироки  намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода иброз дошт, ки дарёи Вахш на танҳо манбаи муҳими об барои кишоварзӣ ва энергетика аст, балки дар рушди устувори минтақа омили калидӣ ба шумор меравад.

Тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба захираҳои об моро водор месозад, ки ҳамкориро дар сатҳи ҳавзаи дарё тақвият бахшем.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамоҳангсозии идоракунии захираҳои об, нақши ҷомеа ва таъсири иқлим ва ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда баррасӣ карда шуданд.

Инчунин Нашқаи кори Шурои ҳавзавӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 27, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд