Дар Рӯзи дониш бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

Сентябрь 1, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсили 2025-2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёну устодон ва кулли кормандони донишгоҳро бо оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба онҳо дар самти таҳсил, таҳқиқот ва фаъолияти илмиву амалии минбаъда комёбиҳои нав таманно намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиши тантанавӣ таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар ҷумҳурӣ тадбирҳои фарогир андешида, ба рушди илмҳои замонавӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Дар ҳамоиш ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода аз таваҷҷуҳу дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд. Гуфта шуд, ки ифтитоҳи соли нави таҳсил бо иштироки намояндаи воломақоми Ҳукумати мамлакат бозгӯи равшани таваҷҷуҳи давлат ба рушди соҳаи маориф, сайёҳӣ ва соҳибкорӣ мебошад.

Роҳбарият ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон минбаъд низ барои баланд бардоштани сифати таълим, тақвияти иқтидори илмӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон талошҳои пайгирона менамоянд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт