Дар Тоҷикистон 3 миллион сар гӯсфанди зоти ҳисорӣ парвариш меёбад
ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 3 миллион сар гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки пайдоиш ва парвариши онҳо аз водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад, дар беш аз даҳ хоҷагии зотпарварӣ ва инфиродӣ парвариш карда мешаванд. Дар робита ба ин имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» бо иштироки олимону мутахассисони варзидаи соҳаи чорвопарварӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Беларус, Украина, Молдова, Эрон ва Канада дар мавзуи «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабанигори АМИТ «Ховар».
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иштирокдорони Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалии «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ»-ро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Иброз гардид, ки симпозиуми байналмилалӣ бо мақсади муайян намудани дурнамои рушду парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти парвариш ва зиёд намудани саршумори гӯсфанди зоти ҳисорӣ гузаронида мешавад.
Сулаймон Зиёзода афзуд, ки баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалии «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба он рабт дорад, ки моҳи июли соли 2025 дар пойтахти Италия- шаҳри Рим дар ҷаласаи гурӯҳи илмию машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид /FAO/ дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» – «GIAHS» -Globally Important Agriculture Heritage System ворид гардид, ки ин барои кулли мардуми тоҷик ва Тоҷикистон ифтихори бузург аст.
Ҳамзамон муовини Савазири мамлакат доир ба ташаббус ва иқдоми андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти чорводорӣ, хусусан парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ иброз дошт, ки дар ин самт ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Иштирокдорони симпозиум дар мавзуъҳои «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ- мероси низоми кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ», «Ҳолати соҳаи парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он» ва «Раванди хушзоткунии гӯсфандон дар хоҷагиҳои шабакаи зотпарварии Тоҷикистон» маърузаи илмӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки гӯсфанди зоти ҳисорӣ яке аз намудҳои гӯсфанди бузургҷусса буда, дар Тоҷикистон парвариш ёфтааст ва дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур мерасад ва он зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ арзёбӣ мегардад. Ин гӯсфандро барои гӯшту равған парвариш менамоянд ва пайдоишу парвариши он аз водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифтааст. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш карда мешавад. Парваришу афзоишдиҳии гӯсфанди зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд набуда, аз Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва аксар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Русия интиқол дода шуда, дар он ҷойҳо низ парвариш карда мешавад.
Дар доираи баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалии «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» дастовардҳои илмию амалии олимону мутахассисони тоҷик дар самти парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамзамон дар доираи баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ 19 сентябр дар шаҳри Ҳисор Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» гузаронида мешавад. Дар он иштирокдорон ва меҳмонони Симпозиуми байналммилалии илмӣ-амалӣ низ иштирок менамоянд. Дар Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» чорводорон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон беҳтарин зотҳои гӯсфанди ҳисориро ба намоиш мегузоранд.
Дар доираи фестивал бо иштироки ҳунармандони маъруф чорабинии пуршукуҳи фарҳангӣ баргузор карда мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






