Дар Тоҷикистон барои парвариш намудани занбӯри асал шароити мусоид фароҳам аст

ДУШАНБЕ, 27.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани мавсими сармо ва хуруҷи бемории зуком талабот ба асал зиёд мегардад. Зеро дар баробари дигар доруҳо, истеъмоли асалу лиму барои шифо ёфтан аз ин беморӣ мусоид аст. Ҳангоми хариди асал чӣ гуна ба сифати баланд доштан ва бехатар будани он эътимод пайдо кунем? Ба сухани фурӯшанда бовар намоем ва ё аз ӯ пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифату бехатарии маҳсулотро талаб созем? Ва ё барои машғул шудан ба занбуриасалпарварӣ чиро бояд донист? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Асал яке аз маҳсулоти серталаботи ғизоӣ ва воситаи муҳимми табобатие мебошад, ки ҳазорсолаҳо инҷониб мавриди истифодаи инсоният қарор дорад. Беҳуда онро давои ҳазор дард намегӯянд. Тавре табиби ҳозиқ Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст: «ҳамаи шириниҳо барои инсон заҳранд, ғайр аз асал». Аммо ин ҷо сухан дар бораи асали аз ҷиҳати экологӣ тоза меравад, на «асал»-е, ки баъзе аз қаллобон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт онро аз шакар омода карда, ба фурӯш мегузоранд. Моро зарур аст, ки ҳангоми харид ба сифати асал таваҷҷуҳ намуда, аз фурӯшанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифату бехатарии маҳсулотро талаб намоем.
Дар қонунгузории мамлакат чунин омадааст: «маҳсулоти аз занбўри асал истеҳсолшуда ва (ё) тайёркардашуда пас аз ташхиси байторию санитарӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» гузарондашуда ва бо мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифату бехатарии маҳсулот фурӯхта мешавад. Фурӯши маҳсулоти занбӯри асал аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа, новобаста ба шакли моликият, бо риояи тартиби фурӯши молҳои озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ дар нуқтаҳои савдои яклухт ва чакана амалӣ карда мешавад».
Бояд гуфт, ки занбӯрпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади муҳими иқтисодиёти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳад, ки ин барои ташкил ва парвариш намудани занбӯри асал шароити мусоид фароҳам меоварад.
Субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иттифоқҳо (иттиҳодияҳо) таъсис диҳанд ва (ё) ба ҳайати онҳо дохил шаванд. Шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошанд, фаъолиятро дар соҳаи занбўриасалпарварӣ барои қонеъ гардонидани талаботи шахсии худ дар ҳаҷми то 30 оилаи занбўри асал амалӣ менамоянд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбўриасалпарварӣ», субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ метавонанд ба ҳудуди ҷумҳурӣ воридоти маҳсулоти соҳаро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мамлакат амалӣ намоянд. Дар ҳолати ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид намудани асали табиӣ санҷиши мутобиқат оид ба аслият, сифат ва бехатарии ҳар як миқдори он гузаронда мешавад.
«Шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ ҳуқуқ доранд аз ҳудуди Тоҷикистон занбўри асал ва маҳсулоти соҳаро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати воридоткунанда содирот намоянд»,- омадааст дар қонуни мазкур.
Дар як сол як маротиба дар моҳи март бақайдгирии оилаҳои занбўри асали дар ҷойгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.
Бақайдгирии ҷойгоҳи қуттиҳои оилаҳои занбўри асал дар асоси шиносномаи байторию санитарии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ додашуда гузаронда мешавад. Шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳа барои сари вақт гирифтани шиносномаи байторию санитарии ҷойгоҳҳои қуттиҳои оилаҳои занбўри асал уҳдадор мебошанд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбўриасалпарварӣ» омадааст, ки шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ уҳдадоранд қуттиҳои оилаҳои занбўри асалро дар масофаи барои саломатии одамон бехатар ҷойгир намоянд. Аз ҷумла, қуттиҳои оилаҳои занбўри асал дар масофаи на камтар аз 5 метр аз сарҳади қитъаи замин ҷойгир карда мешаванд. Дар ҳолати ғайриимкон будани риояи талаботи мазкур қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал дар баландии на камтар аз 2 метр аз бино, иморат, иншоот, девори яклухт ё буттазори зичи ҳамшафат ҷойгир карда мешаванд.
Ҷойгоҳи сайёри қуттиҳои оилаҳои занбўри асал дар масофае гузошта мешавад, ки ба нигоҳубини босамари оилаҳои занбўри асал ва гардолуд кардани растаниҳои энтомофилӣ мусоидат намояд. Ҷойгоҳи сайёри қуттиҳои оилаҳои занбўри асал дар манбаъҳои асалғундорӣ дар масофаи на кам аз якуним километр аз якдигар ва се километр аз ҷойгоҳи доимии қуттиҳои оилаҳои занбўри асал ҷойгир карда мешавад.
Тибқи талаботи қонуни мазкур, шахсони воқеӣ ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ уҳдадоранд пас аз гузоштани ҷойгоҳҳои сайёри қуттиҳои оилаҳои занбўри асал ба воҳидҳои сохтори дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шиносномаҳои байторию санитарии ҷойгоҳҳоро пешниҳод намоянд. Интихоби ҷойгоҳи сайёри қуттиҳои оилаҳои занбўри асал дар хати парвози занбӯри асали дар манбаъҳои асалғундорӣ қаблан ҷойгир кардашуда манъ мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар мамлакат соли 1991 ҳамагӣ 61 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, ба ҳисоби миёна аз ҳар як оила 9,7 килограмм асал ва дар маҷмӯъ 593 тонна асал истеҳсол мегардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ корҳои зиёди назаррас анҷом дода шуданд.
Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва дар асоси он якчанд қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат қабул гардиданд, ки фаъолияти соҳаро ба танзим дароварда, ба ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи он мусоидат менамоянд. Ҳамзамон бо ин, чор барномаи давлатии рушди соҳа қабул гардид, ки ба пешрафти занбӯриасалпарварӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Барои амалисозии барномаҳои мазкур аз буҷети давлат зиёда аз 10 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.
Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди соҳа шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли 2022 ба 264 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 4,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 шумораи оилаҳои занбӯри асал 4,3 баробар, истеҳсоли асал 7,7 баробар ва маҳсулнокии оилаҳо 1,8 баробар зиёд гардид. Танҳо аз ҳисоби ин соҳа зиёда аз 10 ҳазор сокини мамлакат бо ҷойи кор таъмин гардида, сатҳи зиндагии худро беҳтар карданд.
Тибқи таҳлили коршиносон, захираҳои зиёди растаниҳои асалдиҳандаи ҷумҳурӣ, ки дар масоҳати зиёда аз 5 миллион гектар доман густурдаанд, имкон медиҳанд, ки ин ҷо зиёда аз 800 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда шавад.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 июни соли 2023 дар ноҳияи Ховалинг бо ҳузури занбӯриасалпарварон изҳор доштанд: «Мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии мамлакат (зиёда аз 170 намуд ва майдони 3,8 миллион гектар) заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар Тоҷикистон соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад».
«Маҳсулоти дигари соҳа, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр, ки дар саноати дорусозӣ ва тибби муосир васеъ истифода мегардад, истеҳсол ва маҳсулоти соҳа ба хориҷи мамлакат содирот карда шавад»,- афзуданд Сарвари давлат.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июли соли 2024 — 275,6 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Соли 2024 занбӯрпарварон 4260 тонна асал истеҳсол намуданд.
Коршиносони соҳа собит намудаанд, ки дар натиҷаи бо занбӯри асал гардолуд шудан ҳосили зироату боғот ва дигар растаниҳои энтомофилӣ аз 30 то 50 фоиз меафзояд. Ғайр аз ин ба фурўш баровардани маҳсулоти занбӯри асал, аз қабили асал, мум, прополис, гарди гул, шираи модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра дар дохил ва хориҷи мамлакат боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориҷӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мегардад.
Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи амалишавии «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» 370 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ҳамзамон 250 оила занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрокворӣ харидорӣ гардида, ба 100 оила занбӯриасалпарварони инфиродии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 150 оила ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.
Мувофиқи иттилои тадқиқотчиён, 70 фоизи дарозумрони дунёро занбӯрпарварон ташкил медиҳанд. Истеъмоли асал ва маҳсулоти занбӯр сабаби дарозумрии онҳо гардидааст. Меъёри шабонарӯзии истеъмоли асал барои калонсолон 120-150 грамм, барои бачаҳо 30-50 грамм мебошад. Истеъмоли аз меъёр зиёди асал хосияти табобатӣ надошта, танҳо ба кас қувват мебахшад.
Бо мақсади рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва ҳавасмандгардонии занбӯриасалпарварон аввалин маротиба дар Тоҷикистон соли 2005 «Иди асал» доир гардида, ҳамасола он дар пойтахти мамлакат ва шаҳру ноҳияҳо баргузор карда мешавад.
Асали Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ бо дарназардошти сифати баланд, таъми хуш ва аз лиҳози экологӣ тоза буданаш сазовори ҷоизаҳо гардидааст. Аз ҷумла соли 2014 дар Конгресси чоруми байналмилалӣ оид ба занбӯриасалпарварӣ ва намоиши асали кӯҳӣ дар Туркия соҳиби ҷоизаи биринҷӣ, соли 2015 дар намоишгоҳи «Продэкспо – 2015»-и Федератсияи Россия соҳиби медали тилло, соли 2018 дар Иди байналмилалии занбӯриасалпарварон дар шаҳри Истамбули Туркия (намунаи асали ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Сангвор ва Шаҳристон) соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ ва соли 2019 дар намоишгоҳи байналмилалии «Асал ва маҳсулоти он» дар шаҳри Давҳаи Қатар асали Ховалинг соҳиби ҷоизаи ифтихорӣ гардидааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз