Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид

Сентябрь 23, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид, ки то 28 сентябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар озмун аз 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 80 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ беш аз 350 донишҷӯ иштирок намуда, савияи дониши худро месанҷанд.

Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» соли дуюм аст, ки бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон байни аҳолии ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад.

Озмун бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат гузаронида мешавад.

Талаботи озмун донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат, доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат, донистани санадҳои муҳими меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани мероси таърихию фарҳангии моддию маънавии халқи тоҷик, қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ мебошад.

Ҷойи аввал ба он иштирокчие дода мешавад, ки беш аз 90%-и осори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва азхуд кардааст.

Ёдовар мешавем, ки яке аз ҳадафҳои муҳими озмун арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими ҳисси худогоҳӣ ва худшиносӣ, ифтихори миллӣ, таҳкими қобилияти соҳибкорӣ ва сарварӣ, бахусус дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ мебошад.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд