Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» оғоз гардид

Сентябрь 15, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Даври сеюми озмун то 18 сентябр бо иштироки 4852 нафар довталаб, аз ҷумла 2605 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1283 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии типи нав, 822 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 142 нафар омӯзгорон, ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), докторантони ҳабилитат ва унвонҷўён, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

Барои мукаммалкунӣ ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён соли 2025 ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова ва барои ғолибони озмун 24 ҷой зиёд карда шуд. Яъне шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 ҷой зиёд гардид.

Қаблан озмун аз рӯи 7 номинатсия – математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир мешуд.

Ёдовар мешавем, ки соли панҷум аст, ки дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад. 2 январи соли 2025 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмун дар соли равон ба тасвиб расид.

Баргузории озмун давоми солҳои 2021-2024 нишон дод, ки таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ хеле зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ ва барномасозӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар як вақт бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳама ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд.

Соли 2025 барои ҳар ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Бартарии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар он аст, ки барои иштирок дар онҳо ҳар нафар ҷаҳонбинии васеъ, илму дониш ва ғизои маънавӣ мегирад. Яъне иштирок дар озмунҳо ба ҳар нафар фоида меорад, бар замми ин онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳавасманд гардонида мешаванд.

Тағйироте, ки имсол ба озмун ворид карда шудааст, яъне номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ба рушди сатҳи огоҳии ҷомеа дар бахшҳои мухталифи ҳаёт, аз ҷумла фарҳанг, маориф ва тандурустӣ мусоидат мекунад. Инчунин он ба эҷоди муҳити таҳсили рақамӣ ва таҷрибаҳои нав дар таҳсилоти маҳаллӣ ва байналмилалӣ ишора намуда, таъсири рӯзафзуни кадрҳоро дар соҳаҳои иқтисоди рақамии мамлакат таъмин хоҳад кард.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 15, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд