Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи авиатсия баррасӣ гардид

Сентябрь 5, 2025 15:39

ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории авиатсионӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 5 сентябр дар меҳвари мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдулраҳмон Ал Решайдан қарор гирифт.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот афзоиш додани парвозҳо, ифтитоҳи хатсайрҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании ҳарду ҷониб баррасӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи авиатсияи тоҷик беш аз пеш густариш меёбад. Далели ин соли равон ифтитоҳи чандин хатсайри нави ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Амалӣ гардидани сиёсати «Осмони боз» дар мамлакат  ба зиёдшавии ҳамкории Тоҷикистону давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ замина мегузорад.

Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба таҳкими дурнамои ҳамкории авиатсионӣ байни ҳарду давлат табодули назар намуданд.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2025 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид