Иштирокдорони конфронси байналмилалӣ намоиши ҷашнии «Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик»-ро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони Конфронси байналмилалии илмии «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон», ки 24-25 сентябр ба ифтихори 700-солагии шоири шаҳири тоҷик Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик шинос шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки меҳмонон дар баробари ёдгориҳои нодири таърихӣ, инчунин бо намоиши нави Осорхонаи миллӣ, ки ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ташкил шудааст, шинос шуданд.
Меҳмонон бо нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии девонҳо, куллиёт ва баёзҳои Ҳофизи Шерозӣ, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори шоир, асари санъати рассомӣ бо тасвири симои Ҳофиз, аксҳо аз ҷараёни баргузории намоиши байналмилалии «700 сол бо Ҳофиз» дар қароргоҳи ЮНЕСКО, осори нодири мисӣ, биринҷӣ, сангӣ ва чӯбии катибадор, лавҳаҳои хушнависӣ бо хатҳои зебои настаълиқ ва куфӣ, сӯзаниҳои катибадор, асарҳои илмии тозанашри олимону ҳофизшиносони ватанию хориҷӣ роҷеъ ба ҳаёту рӯзгори Ҳофизи Шерозӣ ва дигар осори дорои аҳамияти осорхонавӣ, ки ба маърази тамошо гузошта шудаанд, шинос гардиданд.
Ходимони илмии муассиса ҳамзамон барои меҳмонон аз ашъори ноби Ҳофизи Шерозӣ шеърҳо қироат намуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






