Масъалаи иштироки Тоҷикистон дар ташаббусҳои марбут ба иқлим ва саломатӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои марбут ба иқлим ва саломатӣ, инчунин пешбурди иқдоми Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Директори шуъбаи бемориҳои сироятӣ, муҳити зист ва тандурустии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, доктор Роб Батлер Оӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳӣ ва осебпазир ба хатарҳои иқлимӣ ба таҳкими устувории низоми тандурустӣ, беҳдошти муҳити зист ва ҷалби ҳамкории байналмилалӣ ниёз дорад.
Доктор Роб Батлер иброз намуд, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омодаи ҳамкорӣ дар таҳияи сиёсат ва тадбирҳои муштарак барои ҳифзи саломатии аҳолӣ аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим мебошад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






