Намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии онлайнӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагон ва хонандагони шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар конфронси онлайнии байналмилалӣ таҳти унвони «Кӯдакон дар бораи Ғалаба» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конфронс намояндагони китобхонаҳои кӯдаконаи Федератсияи Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш хонандагон шеърҳо, ҳикояҳо ва қиссаҳоро дар мавриди қаҳрамониҳои фарзандони давлатҳояшон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон қироат карданд. Хонандагони Тоҷикистон саҳми фарзандони миллати тоҷикро дар ин ҷанг таъкид намуданд.
Мақсади асосии конфронс бедор кардани завқи ватандӯстӣ ва пос доштани хотираи ҷанговарон дар қалби кӯдакон ва наврасон арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки хотироти онҳо ҳамеша ҷовидонӣ буда, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






