«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон намоиши гулдӯзии тоҷикон доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.09.2025 /.АМИТ «Ховар»/. «Олами гӯлдӯзии тоҷикон» — таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 50 адад гулдӯзии нодир ба маърази тамошо гузошта шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Дар намоишгоҳи «Олами гӯлдӯзии тоҷикон» навъҳои гулдӯзии ниёгон, аз қабили сӯзанӣ, чакан, попурдӯзӣ, болинпӯш, сӯзании хурд, ҷойнамоз, миёнбанд, оинахалта, бардеворӣ, дастархон ва дигар намунаҳои ҳунари суннатии гулдӯзӣ пешкаши дӯстодорону меҳмонон ва сокинони шаҳри Боку гардонида шуданд.
Дар ҳунари гулдӯзии тоҷикон ҷойгоҳи махсусро сӯзанӣ ишғол мекунад, ки як навъи асосии гулдӯзии тоҷикӣ буда, бо гуногунии нақшҳо ва рангҳо ба инсон таассуроти амиқ мебахшад.
Гулдӯзии тоҷикӣ на танҳо завқи бадеӣ, балки ҷаҳонбинии халқи тоҷикро таҷассум менамояд. Ҳар нақш дар он маънои рамзии худро дорад: аз аломатҳои табиат — гули анор, косагул, барги маҷнунбед то тасвирҳои Офтоб, моҳ, ситора, пари товус, тӯтӣ ва ғайра. Ин гулдӯзиҳо бо нақшҳои наботӣ, ҳандасӣ, катибаҳову навиштаҷоти эпиграфӣ ороста шудаанд.
Дар фонд ва экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз ба миқдори беш аз 800 адад гулдӯзиҳо ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешаванд, ки онҳо давоми солҳои гуногун аз ҷониби кормандони муассиса ҳангоми баргузории экспедитсияҳои мардумшиносӣ, инчунин тавассути харидорӣ, қабули туҳфаҳо аз шахсиятҳои фарҳангӣ гирдоварӣ гаштаанд. Як қисми он ҳоло дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар доираи намоиш навъи дигари нодири гулдӯзии тоҷикӣ — чакан, ки соли 2018 ба Феҳристи ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шудааст, ба тамошобинон низ муаррифӣ гардид.
Намоиши байналмилалии «Oлами гулдӯзии тоҷикон», ки бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ифтитоҳ гардид, дар рушди муколамаи фарҳангӣ байни ду давлат саҳми муҳим гузошта, идомаи анъанаи мубодилаи фарҳангии дуҷониба мебошад. Аз ҷумла, намоишгоҳи «Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон», ки 20 майи соли 2025 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон- дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гашта буд, далели ин гуфтаҳо мебошад.
Сокинон ва меҳмонони шаҳри Боку имкон доранд, ки давоми як моҳ- то 25 октябри соли 2025 зимни тамошои намоишгоҳи «Олами гулдӯзии тоҷикон» бо мероси ғании мардуми тоҷик, ки дар ҳар дӯхташ таърихи зинда, ҳунару малака ва руҳи офарандагонаш таҷассум ёфтааст, аз наздик шинос шаванд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон


















Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






