Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҷамъбаст мегардад

Сентябрь 20, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад.

Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, то даври ҷамъбастии озмун аз 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 80 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ беш аз 350 донишҷӯ иштирок намуда, савияи дониши худро месанҷанд.

Озмун бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат гузаронида мешавад.

Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» соли дуюм аст, ки бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон байни аҳолии ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад.

Осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари таърихи пурғановат ва пурифтихори миллати тоҷик, инъикосгари таърихи забону тамаддун, муаррифи фарҳанги бою ғании миллати тоҷдору куҳанбунёди мо мебошад. Мутолиаи ин асарҳо моро бо сарнавишти миллату давлат шинос намуда, талошу заҳматҳои халқи фарҳангсолор ва куҳантамаддуни тоҷикро барои аз даст надодани забону фарҳанги худ инъикос менамояд.

Талаботи озмун донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат, доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат, донистани санадҳои муҳими меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани мероси таърихию фарҳангии моддию маънавии халқи тоҷик, қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ мебошад.

Ҷойи аввал ба он иштирокчие дода мешавад, ки беш аз 90%-и осори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва азхуд кардааст.

Ғолибон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ;

— барои ҷойи якум-20 000 сомонӣ (ба ҳар як ғолиб);

— барои ҷойи дуюм-15 000 сомонӣ (ба ҳар як ғолиб);

— барои ҷойи сеюм (ду ҷой ба ҳар кадом гурӯҳ)-7 500 сомонӣ (ба ҳар як ғолиб) муайян гардидааст.

Дар умум барои озмун 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки яке аз ҳадафҳои муҳими озмун арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими ҳисси худогоҳӣ ва худшиносӣ, ифтихори миллӣ, таҳкими қобилияти соҳибкорӣ ва сарварӣ, бахусус дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ мебошад.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
26 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Дар Институти математика масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомада баррасӣ шуданд
САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд