РӮЗИ КИТОБ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад

Сентябрь 3, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4-5 сентябр ба муносибати Рӯзи китоб  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Рӯзи дарҳои боз дар ин макон ҳамасола доир мегардад. Дар ин рӯз роҳбаладон аъзои китобхона ва меҳмононро бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ва шароити фароҳамоварда дар ин толорҳо шинос мекунанд.

Ҳадафи Рӯзи дарҳои боз ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб, китобхонӣ ва китобхона аст. Баргузории ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромада, дар ҳама ҷашнҳои миллӣ меҳмонону  сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд, ки бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд.

Инчунин кормандони масъули Китобхонаи миллӣ меҳмононро ба толорҳои хониш роҳнамоӣ карда, ба онҳо тарзи ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости  китобро нишон медиҳанд. Инчунин муштариёнро бо намудҳои хизматрасонии  ройгону шартномавии  китобхона шинос менамоянд.

Бахшида ба ин рӯз китобдорони собиқадори муассиса низ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд