Судҳои шаҳри Душанбе ба Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ пайваст гардиданд

Сентябрь 15, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Суди ҳарбии шаҳри Душанбе ба Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (edo.innovation.tj) пурра пайваст гардида, ҳамгироии мубодилаи ҳуҷҷатҳо байни ин судҳо ва мақомоту идораҳои дигар пурра дар шакли электронӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин раванд ба истифодаи ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки шаффофият, самаранокӣ ва фаврият таъмин гардад.

Бо татбиқи ин ташаббус тамоми судҳои шаҳри Душанбе дар самти рақамикунонии низоми судӣ қадамҳои устувор гузошта, барои амалӣ гардидани ҳукумати электронӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид