Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва технологияҳои нав тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва технологияҳои нав тақвият медиҳанд. Дар иртибот ба ин дар пойтахти Чин — шаҳри Пекин байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои кӯҳӣ ва технологияҳои нав Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ёддошти тафоҳум бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва технологияҳои нав, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкории истеҳсолӣ ва илмию техникӣ барои рушди устувори ҳарду давлат ба имзо расид.
Дар асоси ин санад Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаҳои ҷустуҷӯ ва коркарди захираҳои маъданӣ ва масолеҳи сохтмони саноатӣ, инчунин дар соҳаи технологияҳои нав, истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҷустуҷӯ ва кашфи канданиҳои фоиданоки маъданӣ, татбиқи тарҳҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои муштарак, гузаронидани омӯзиши кормандон ва баланд бардоштани сатҳи ихтисоси кадрӣ ва ба роҳ мондани технологияҳои муосир дар саноати кӯҳкорӣ тақвият медиҳанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






