Тоҷикистон ва Чин бо имзои Ёддошти тафоҳум ҳамкориро дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ густариш медиҳанд

Сентябрь 3, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, 3 сентябр дар Пекин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Яке аз онҳо Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Имзои санади мазкур ҳамкории Тоҷикистон ва Чинро дар самти табдили рақамии соҳаҳои калидӣ, ба мисли кишоварзӣ, истеҳсолот ва тандурустӣ тақвият бахшида, ба татбиқи навовариҳои технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла 5G, маълумоти бузург ва рушди корхонаҳо замина мегузорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад