«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад

Сентябрь 10, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 10.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»  нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Даври якуми озмун  аз 1 апрел то 10 май дар маркази шаҳру ноҳияҳои  ҷамҳурӣ доир шуда, иштирокчиёни  беҳтарин ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Даври дуюм аз 10 июн то 5 июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Тибқи Низомномаи озмун, ғолибони даври якуму дуюм ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳое, ки қонунгузорӣ фаъолияти онҳоро манъ накардааст, ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар даври сеюми озмун омӯзгоре, ки шогирди ӯ сазовори Шоҳҷоиза ва ё ҷойи якум гардад, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешавад.

Нафаре, ки Шоҳҷоиза ба даст меорад ва ё аз номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро дар ин давр соҳиб мешавад, пас аз хатми муассисаи олии касбии соҳавӣ ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Ба ғолибони даври сеюм ва омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд