Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ оид ба тағйирёбии иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо ҳамоиши илмӣ доир гардид

Октябрь 17, 2025 08:42

ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бахшида ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо: мушкилот ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба он» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек иброз намуд, ки «Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзномаи обу иқлими ҷаҳонро пеш мебарад. Силсилаташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла, қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо исботи ин гуфтаҳо мебошад».

«Ташаббуси навбатии Пешвои миллат аҳамияти махсуси таърихӣ дошта, нисбат ба дигар иқдом нодир арзёбӣ мегардад. Чунки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо як қатънома чор пешниҳоди Тоҷикистонро қабул намуд, яъне «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «21 март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», таъсиси Фонди махсуси боварӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе», -афзуд Амид Комилбек.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода оид ба масъалаҳои обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағйирёбии иқлим, таҳдиди ин хатар барои ҳаёт дар сайёра, истифодаи самараноки об, қабул шудани ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид сухан гуфт. Иброз гардид, ки дар шаҳри Хоруғ барои таъмини бехатарӣ аз таъсири офатҳои табиӣ корҳои амалӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Дар конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуъҳои «Баланд бардоштани устуворӣ тавассути рушди шаҳрӣ: иқдоми амалӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», «Обшавии пиряхҳо: мушкилоти ҷиддӣ ва роҳҳои ҳалли имконпазир», «Сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ» ва ғайра маърузаҳо шунида шуданд.

Иштирокчиён аз ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, дар қатъномаи конференсия аҳли илму маорифро барои татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим, гузаронидани пажӯҳишҳои муштараки илмӣ бо мутахассисони соҳа, таҳияи дастурҳои методӣ барои баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ва таъсиси комиссияи муштараки доимамалкунанда барои гузаронидани мониторинги тағйирёбии иқлим, захираҳои об ва пиряхҳо даъват намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Октябрь 17, 2025 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?