Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Русия, Эрон ва Қирғизистон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегарданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, 15 октябр дар Душанбе Рӯзи синамои Эрон доир мегардад. Дар доираи он филмҳои ҳунарии «Шаҳсавор», «Ғариза», «Пул дар рӯйи рӯдхонаи хурд», «Ҳикояи кут», «Хусрав 127», «Бешаҳрвандӣ», «Бозии тақдир» ва «Беохир» намоиш дода мешаванд.
Дар сатҳи баланд баргузор гардидани Рӯзи синамои Эрон ба рушди минбаъдаи синамои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Он имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои нави синамоии муштарак дар соҳаи кинематографияи ду мардуми дӯсту бародар рӯйи кор биёянд. Баргузор гардидани чунин чорабиниҳои синамоӣ байни давлатҳо дӯстию рафоқатро устувор намуда, ҳамкориро дар самти рушди кинои тоҷик тақвият мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои кинои Эрон, Қирғизистон ва Русия дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» баргузор мегарданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






