«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ оғоз меёбад

Октябрь 13, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Иқтисоди сабз: имконияти имрӯз барои устувории фардо» — таҳти чунин унвон аз 14 то 16 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ҳамчунин ба ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои сармоягузори бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ширкатҳои ҳавасманд барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон ва минтақа, фароҳам овардани имконият барои рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва дарёфти шарикони нав барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 13, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд